Свернуть поиск
Фид
Рустам Нарзуллоев
поделился темой16 дек 2025
ҲИКОЯТИ ИБРАТБАХШ....
САДОҚАТ
☆☆☆☆☆Мардеро ғуломе буд Луқмон ном. Луқмон ғуломе буд доно, бовафо, меҳрубон, хайрхоҳ ва хулоса ҳама хубиҳоро дар худ дошт ва аз ин рӯ назди арбоб бисёр азиз буд. Арбобаш ӯро ҳатто бар фарзандонаш муқаддам медошт. Ишқи арбоб ба Луқмон он андоза буд, ки ҷуз он ғизое, ки Луқмон аз он хӯрда буд, намехӯрд.
Рӯзе барои арбоби Луқмон харбуза ба армуғон оварда буданд. Фарзандашро гуфт, то Луқмонро фарёд созад. Харбузаро пора кард ва як буридае ба Луқмон дод. Луқмон онро чунон ба ҳавас хӯрд гӯё, ки асал бошад. Арбоб, ки дид Луқмон харбузаро бисёр дӯст дошт, тилими дуввуму севвумро ба ӯ дод, то ба ҳафтдаҳ расид. Танҳо як тилим боқӣ монд. Арбоб хост онро бихӯрад, то бидонад он харбуза чӣ қадар ширин аст, ки Луқмон онро чунин ба иштиҳо мехӯрад, аммо харбуза на танҳо ширин набуд, балки чунон талх буд, ки забони арбоб обила зад ва ҳалқаш сӯхт. Дақиқае гузашт ва ҳоли арбоб беҳтар шуд.
Пурсид:
— Луқмон! Чӣ гуна ту заҳри талхро чунин бо иштиҳо хӯрдӣ ва хам ба абрӯ наёвардӣ. Магар ту душмани ҷони худ ҳастӣ?
Луқмон гуфт:
— Ман аз дасти ту шириниҳо чашидаам ва неъматҳо гирифтаам, шарм кардам талхии ин якеро ба рӯят биёварам. Ин носипосӣ аст, ки ҳазор-ҳазор хубӣ бубинам ва ҳангоми як нохушӣ фиғон бароварам. Дар воқеъ, дасти ширинбахши ту талхӣ дар ин харбуза боқӣ нагузошт.
Мантиқ: Муҳаббат кимиёест, ки ҳар талхиро ширин мекунад, дардро шифо медиҳад ва мурдаро зинда месозад.
Мазмун аз «Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолуддини Балхӣ
1 комментарий
2 раза поделились
53 класса
Фид
20 авг 2013
Фид
Рустам Нарзуллоев
поделился заметкой31 июл 2013
Заметка удалена или не является публично доступной
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту
276
- Мухаммад ХоликовДушанбе
- Татьяна Лемешкинаг. Жирновск (Жирновский район)
- HUSEIN (Nuraliev)Душанбе
24
- РОЗИ ДИЛИ ОШИҚОНА15090 подписчиков
- Национальные проекты России1549983 подписчика
- ❤️ИшҚи ҶонСуз 💔🍃РоЗи ДиЛҳО26155 подписчиков
- Пальчики оближешь!1467242 подписчика
- •┈••●◆❁✿-КиТоБи ЗиНдАгИ-✿❁◆●••┈•11592 подписчика
Правая колонка