Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни «Дар бораи афв»-ро қабул карданд. Ба гуфтаи манбаъҳо, ин санад ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳия шуда, афви як қисми маҳкумшудагонро пешбинӣ мекунад, ҳарчанд теъдоди афроди таҳти афв қарордошта ҳанӯз эълон нашудааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палати поёнии парлумони Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро баррасӣ ва қабул карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дода, гуфтааст, ки масъала дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнӣ баррасӣ шуда, аз рӯйи он қарори дахлдор қабул гардид. Ҷузъиёти бештар дар бораи муҳтавои қонун ҳанӯз нашр нашудааст.
Як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» гуфтааст, ки қонуни мазкур баъд аз анҷоми расмиёти зарурӣ ба нашр мерасад. Ба гуфтаи манбаъ, санад ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, таҳия гардида, афви маҳкумшудагонро пешбинӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, теъдоди афроди таҳти афв қарордошта то ҳол эълон нашудааст. https://tajikpress.com/2026/06/18/%d0%bf%d0%b0%d1%80%d0%bb%d1%83%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d2%9b%d0%be%d0%bd%d1%83%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d1%84%d0%b2%d1%80%d0%be-%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%b2%d0%b8%d0%b1-%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%be%d0%bd/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев