Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, раиси Шурои мудирони ширкати ҳолдингии «Ал-Инҷаз» Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ вохӯрӣ намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо раиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, раиси Шурои мудирони ширкати ҳолдингии «Ал-Инҷаз» Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ вохӯрӣ намуд.
Дар ин хусус ба «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд:
Иброз шуд, ки муносибатҳои дӯстона байни ду давлат дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн пайваста рушд ёфта истодаанд.
Инчунин ҷонибҳо вазъи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки иқтидорҳои бузурги истифоданашудаи иқтисодӣ мавҷуданд, ки метавонад ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро ба маротиб афзоиш диҳанд.
Таъсиси Шурои муштараки корӣ ва баргузории ҷаласаҳои он заминаи мусоидро барои эҷоди пули мустақими тиҷоратӣ фароҳам сохтааст. https://tajikpress.com/2026/06/18/%d0%bc%d1%83%d0%bb%d0%be%d2%9b%d0%be%d1%82%d0%b8-%d1%84%d0%b0%d0%b9%d0%b7%d0%b0%d0%bb%d3%a3-%d0%b8%d0%b4%d0%b8%d0%b7%d0%be%d0%b4%d0%b0-%d0%b1%d0%be-%d1%80%d0%b0%d0%b8%d1%81%d0%b8-%d1%88%d1%83%d1%80/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев