Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
✨_____Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
✨_____Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
✨_____Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
✨_____Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
✨_____Бас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.
✨_____Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
✨_____Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.
✨_____Мезанам лофи аналҳак бар сари бозори ишқ,
✨_____Тоза Мансуре дигар бар дор хоҳам карду рафт.
✨_____Чанд рузе гар диҳад фурсат маро пайки аҷал,
✨_____Фикр бар ҳоли дили бемор хоҳам карду рафт.
✨_____Боғбон,биншин дар ин гулшан ба коми дил, ки ман,
✨_____Ҳамчу булбул нолаҳои зор хоҳам карду рафт.
✨_____Дарди дилро чун дар ин бозор дармон нест ёфт,
✨_____Дарди дил арзон дар ин бозор хоҳам карду рафт.
✨_____Кай бурун ояд ба афсун аз сари савдои ишк,
✨_____Сар чу Маҷнун дар сари ин кор хоҳам карду рафт.
✨_____То кунам ҳоли диле равшан зи чашми ашкрез,
✨_____Вақти рафтан гиряи бисёр хоҳам карду рафт.
✨_____Чун ба осони намегардад муяссар коми дил,
✨____Махфиё,бас тарки ин душвор хоҳам карду рафт.
Зебуниссо( МАХФӢ. )
ФОСИЛА.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3