Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Раисиҷумҳури Русия бо баёни ин ки ҳеҷ кас то кунун натавонистааст шикасти роҳбурдиро бар Русия таҳмил кунад, ба душманони ин кишвар ҳушдор дод, ки ҳаргиз бо Русия вориди ҷанг нашаванд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт: Ба душманон тавсия медиҳам, ки ҳаргиз бо Русия ҷанг накунед, кӯшиш кунед ин корро анҷом надиҳед, биёед дар сулҳ зиндагӣ кунем.
Путин дар дидор бо низомиёни ширкаткунанда дар ҷанги Украина ба муносибати «Рӯзи Русия» афзуд: Ҳеҷ кас то кунун натавонистааст шикасти роҳбурдиро бар Русия таҳмил кунад. Кишварҳои НАТО акнун дарёфтаанд, ки таҳмили шикасти роҳбурдӣ ба Русия ғайриимкон аст; онҳо бо шитоб вориди амал шуданд.
Вай тасреҳ кард: Ҳамаи кишварҳои НАТО талошҳои худро барои анҷоми иқдомоти душманона алайҳи Русия афзоиш додаанд. Русия ба танҳоӣ дар муқобили Ғарб дар қолаби НАТО истодааст. Кишварҳои НАТО ҷангеро алайҳи Русия оғоз карданд, ки бо кудато дар Украина шурӯъ шуд. Русия ҳашт сол талош кард, то Киевро ба тавофуқ бо Донбасс мутақоид созад. https://tajikpress.com/2026/06/13/%d0%bf%d1%83%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d0%b4%d1%83%d1%88%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d1%82%d0%b0%d0%b2%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%bc%d0%b5%d0%b4%d0%b8%d2%b3%d0%b0%d0%bc-%d2%b3%d0%b0%d1%80%d0%b3/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев